Камолвандӣ: Дастовардҳои ҳастаӣ зиндагии эрониёнро мутаҳаввил мекунад
-
Дониши ҳастаӣ
Сухангӯи Созмони энержии атомии Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, дастовардҳои ҳастаӣ зиндагии эрониёнро мутаҳаввил мекунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз (якшанбе) аз намоишгоҳи дастовардҳои санъати ҳастаии кишвар дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ муҳимтарин дастовардҳои мутахассисону муҳаққиқони дониши ҳастаӣ, ба вижа дар ҳавзаҳои пизишкӣ, доруӣ, санъатӣ, кишоварзӣ ва ғизоӣ, энержӣ, об ва сохти нерӯгоҳу заминшиносӣ ба намоиш даромада буд.
Дастёбии донишмандони эронӣ ба фанноварӣ ва дониши бумӣ дар чархаи сӯхти ҳастаӣ аз дигар бахшҳои ин намоишгоҳ буд, ки дар ҳар бахш муҳаққиқону мутахассисон тавзеҳоти лозимро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ироа медоданд.