Эрон ва Тоҷикистон ёдошти тафоҳумнома имзо мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i103480-Эрон_ва_Тоҷикистон_ёдошти_тафоҳумнома_имзо_мекунанд
Муовини Вазорати корҳои дохила ва раиси ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Тоҷикистон ёдошти тафоҳумнома имзо мекунанд
    Эрон ва Тоҷикистон ёдошти тафоҳумнома имзо мекунанд

Муовини Вазорати корҳои дохила ва раиси ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Абдураҳмон Аламшозода муовини Вазорати корҳои дохила ва раиси ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз душанбе бо Аҳмади Ваҳиди вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.

Дар сафари Аламшозода ба Теҳрон қарор аст ёдошти тафоҳумнома байни муовинони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Эрон имзо шавад.