Канъонӣ: Ҳеҷгуна тавофуқи кутоҳмудат дар бораи лағви таҳримҳо дар дастури кор нест
(last modified Mon, 12 Jun 2023 14:22:48 GMT )
Июн 12, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Ҳеҷгуна тавофуқи кутоҳмудат дар бораи лағви таҳримҳо дар дастури кор нест
    Канъонӣ: Ҳеҷгуна тавофуқи кутоҳмудат дар бораи лағви таҳримҳо дар дастури кор нест

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон мабнои музокироти лағви таҳримҳоро ҳамон тавофуқи имзошуда унвон карду афзуд: Бархе гумоназаниҳои расонаӣ мабни бар тавофуқи мувақат ва амсоли ин маворид, ки тавофуқи ҷойгузини БарҶом бошад наметавоанд мавриди тайид бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чофи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабари дар хусуси гумоназаниҳо мабни бар табодули паёмҳо миёни Эрон ва Амрико дар хусуси идомаи музокироти лағви таҳримҳо изҳор кард Эрон сиёсати хунсосозии таҳримҳоро бо такия бар зарфиятҳои дохили ва равобити густарда бо ҳамсоягон сарлавҳаи кори худаш қарор дод, аммо фарояндҳои дипломотикро бо ҳадафи рафъи таҳримҳои золимона раҳо накарда аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд табодули паёмҳо ва ройзании дипломотик бо тарафҳои муқобил дар сутуҳи мухталиф аз тариқи кишварҳои восита ва дуст идома дорад ва барои таъмини ҳадиаксарии манофеъи миллӣ ҳеҷгоҳ тарафи эронӣ мизи музокираро тарк накарда ва барои ба натиҷарасидани он ҳам ҳамвора омодагии худро нишон дода аст.

Канъонӣ бо баёни ин ки мелоки Эрон амалкарди тарафи муқобил буд на изҳороти расонаӣ онҳо изҳор кард давлати сездаҳум аз аввал сиёсати усулиро дар хусуси БарҶом дошта ва дар ҳаргуна тавофуқи мунавиёти мустаҳками Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, манофеъи миллӣ, қонуни роҳбурдии маҷлиси шурои исломӣ ва адами удул аз хатҳои сурх мавриди таваҷҷуҳи тими музокиракунанда буд ва ин равандро то ҳусули натиҷа идома хоҳад дод.

Сухангуи Вазорат умури хориҷаи Эрон дар посух ба саволи дар хусуси ҳақобаи Эрон аз Ҳирманд низ гуфт: Гуфтугуҳои хуби бо мақомоти давлати мувақати Афғонистон дар хусуси ҳақобаи Эрон аз Ҳирманд анҷом ва тавофуқ шуд, ки тарафи афғонистонӣ гомҳои мусбат ва ҷидди дар хусуси ҳақобаи Ҳирманд бардорад ва иқдомоти фании лозим анҷом гардад.