Муовини амнияти интизомии вазири кишвари Эрон: Равобити Эрон ва Тоҷикистон густариш меёбад
(last modified Mon, 12 Jun 2023 14:58:17 GMT )
Июн 12, 2023 19:58 Asia/Dushanbe
  • Муовини амнияти интизомии вазири кишвари Эрон: Равобити Эрон ва Тоҷикистон густариш меёбад
    Муовини амнияти интизомии вазири кишвари Эрон: Равобити Эрон ва Тоҷикистон густариш меёбад

Муовини амнияти интизомии вазири кишвари Эрон бо ишора ба ҷузиёти тафоҳумномаи ҳамкории амниятии Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф густариш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷиди Мираҳмади дар ҳошияи дидор бо Абдураҳмон Аламшозода муовини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон изҳор кард: Эрон ва Тоҷикистон дорои тафҳумномаи ҳамкориҳои амниятӣ ҳастанд ва аз якунимсол қабл ва аз замони истиқрори давлати сездаҳум ин тафоҳумномаро иҷроӣ ва амалиёти кардаем.

Дар сафари яксоли қабли ман ба Тоҷикистон суратҷаласеро танзим кардем ва ба ин тафоҳума ҷанбаи амалиёти додем ва дар мавзуъоти мухталиф аз ҷумла мубориза бо терроризм, табодули иттилоъот нисбат ба фаъолиятҳои террористӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон ё Сурия ки ба ДИИШ пайвастанд табодули назар ва ҳамоҳангӣ кардем.

Мираҳмади афзуд: Аз суи бархе тулоби динии тоҷикӣ ғайриқонуни вориди Эрон шуданд ва тақозои Тоҷикистон бозгардондани онҳо ба кишварашон буд чун ғайриқонуни дар бархе мадрасҳо таҳсил мекунанд дар ин замина ҳамоҳангии хуби ҳам сурат гирифт то ҳамаи шаҳрвандони онҳо қонунӣ дар Эрон ҳузур дошта бошанд.

Дар мавзуъи табодули зиндониён ва мубориза бо маводи мухаддир ҳам тавофуқи хуби ҳосил шуд бархе зиндониёни Эрон ба далели ҷароими маводи мухаддир ё дигар ҷароими молӣ бо ҳамроҳии Тоҷикистон ба Эрон таҳвил дода шуданд.

Вай дар идома табодулоти иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба беш аз 5 баробар нисбат ба ду соли гузашта афзоиш ёфта аст.

Таъкиди раиси ҷумҳур, ки равобити самими бо ҳамтои тоҷики худ дорад ин аст, ки ин равобит ҳарчи бештар рушд ёбад бино бар ин равобит ва табодулот бояд афзоиш ёбад ва иқдомоти хуби ҳам дар ин замина шуруъ шуда аст.

Мираҳмадӣ дар поёни бо эъломи омодагии Эрон барои омузиши неруҳои полиси Тоҷикистон таъкид кард: Бо иқдомоти анҷомшуда шоҳиди пешрафтҳои қобили таваҷуҳи дар равобити ду кишвар ҳастем ва ин ҳамкориҳо дар дигар арсаҳо таъсироти худро дошта ва хоҳад дошт.

Дар идома Абдураҳмон Аламшозода муовини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ гуфт: Мо дар ҷаласоти худ бо тарафи эронӣ барои муқобила бо иқдомоти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ҳамоҳангии бадаст оварем дар ин росто ҷаласоти хуби баргузор ва тавофуқоти хуби ҳосил шуд бо вазири кишвар, муовини вазир ва мақомоти амниятии Эрон дидор доштем