Бозигари амрикоӣ: Ба суръат дар ҳоли ақибравӣ ҳастем
(last modified Tue, 01 Jul 2025 04:50:12 GMT )
Июл 01, 2025 09:50 Asia/Dushanbe
  • Бозигари амрикоӣ - Charlize Theron
    Бозигари амрикоӣ - Charlize Theron

Порс-Тудей. Баррасиҳои ҷадид нишон медиҳад, мизони маҳбубияти раиси ҷумҳури Амрико дар байни раъйдиҳандагони мустақил ба пойинтарин сатҳ дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ расидааст.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, агар ин раванд идома ёбад, мумкин аст такяи Трамп бар пойгоҳи суннатиаш кофӣ набошад, зеро раъйдиҳандагони мустақил ағлаб таъйинкунандаи натиҷаи ниҳоии интихобот ҳастанд ва тамоюл доранд бо тавваҷуҳ ба амалкарди воқеӣ ва на вобастагии ҳизбӣ тасмим бигиранд.

 Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории “Tасним”, баррасиҳои ҷадид нишон медиҳад, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо нишонаҳои ҳушдордиҳандае аз сӯи раъйдиҳандагони мустақил мувоҷеҳ шудааст, зеро мизони маҳбубияти ӯ дар миёни ин гуруҳ ба пойинтарин сатҳ дар давраи дувуми раёсати ҷумҳуриаш расидааст.

Бар асоси арзёбии додаҳои торнамои амрикоии “Decision Desk HQ (DDHQ )”, мизони адами таъйиди амалкарди Трамп ба унвони раисиҷумҳур дар миёни раъйдиҳандагони мустақил барои нахустин бор аз замони оғоз ба кори вай, аз марзи 60 дарсад убур кард. Ин коҳиш, бахше аз як раванди густардатар дар уфти маҳбубияти куллии Трамп дар моҳи июн аст.

Таҳлилгарон муътақиданд, норизоятӣ аз наҳваи мудирияти иқтисодӣ тавассути Трамп, яке аз далоили аслии ин уфт дар миёни раъйдиҳандагони мустақил аст. Ин тағйири нигариш метавонад барои демократҳо фурсате муҳим фароҳам кунад, дар ҳоле ки дар талош барои бозсозии эътилофи интихоботии худ барои соли 2026 ва фаротар аз он ҳастанд.

“Financial Times”: Aфзалияти Трамп манофеи шахсӣ аст

Дар идомаи интиқодҳо аз Трамп рӯзномаи “Financial Times”, дар гузорише навиштааст, ки амалкарди вай дар арсаи сиёсати хориҷа боиси сардаргумии кишварҳои ҷаҳону сармоягузорон шудааст. Ин авзоъ боис мешавад натавон ояндаро пешбинӣ кард. Дар идомаи ин гузориш омадааст, ҷаҳон дар баробар касе қарор дорад, ки манофеи шахсии худро бартар аз ҳар чашмандози роҳбурдӣ медонад.

Интиқод аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп

Аз сӯи дигар, Charlize Theron, бозигари амрикоӣ аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп интиқод кард. Theron гуфт: Mо ба суръат дар ҳоли ақабравӣ ҳастем. Сиёсатҳои муҳоҷиратии давлати Амрико зиндагии хонаводаҳоро нобуд карда, на муҷримонро. Ҳуқуқи занон ҳар рӯз камтар мешаваду хушунати мубтанӣ бар ҷинсият дар ҳоли афзоиш аст. Ин як сиёсат нест, балки як дидгоҳи шахсӣ аст. Лаънат ба онҳо!