Июн 13, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони киштии фарангии навҷавонон Осиё шуд

Тими куштии фарангии навҷавонони Эрон бо касби 4 медали тилло, 2 нуқра ва 2 бринҷӣ қаҳрамони Осиё шуд.

Дар поёни ин мусобиқот  пас аз чаҳор солу муқтадирона ба унвони қаҳрамонӣ даст пайдо кунад .
Барои тими Эрон дар ин рақобатҳо Муҳаммадмеъроҷи Муҳаммадӣ дар вазни 51 килограм, Муҳаммадризои Ғуломӣ дар вазни 55 килограмлиакбари Асғарӣ дар вазни 92 килограм ва Амирҳусайни Абдулӣ дар вазни 110 килограм ба медали тиллорфони Муродӣ дар вазни 45 килограм ва Ҳабибуллоҳи Раҳимӣ дар вазни 71 килограм ба медали нуқра ва Алии Дизфулинажод дар вазни 60 килограм ва Аҳмадризои Муҳаммадиён дар вазни 65 килограм ба медали бринҷӣ даст ёфтанд .
Дар радабандии тимӣ Эрон бо 188 имтиёз ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт ва тимҳои Қирғизистон бо 176 ва Узбекистон бо 151 имтиёз ба тартиб дувум ва сеюм шуданд .
Ин дар ҳолеаст, ки тими Эрон соли гузашта ва дар кишвари Қирғизистон бо касби 2 медали тилло ,4 нуқра, 2 бринҷӣ ва 174 имтиёз пас аз тими Қирғизистон ба унвони нойиб-қаҳрамон расида буд ва пас аз чаҳор сол бори дигар унвони қаҳрамониро муқтадирона ба даст овард.

Бештар бихонед :

 

Барчасп