Кашфи яке аз бузургтарин манобеи захираи мис дар устони Кирмони Эрон
Бузургтарин захираи миси " порфири "и Эрон ва ғарби Осиё дар маҳдудаи маъдании Саридуни миси Сарчашмаи Кирмон кашф шудааст .
То кунун теъдоди 106 ҳалқаи гамонаи иктишофӣ бо масоҳати беш аз 93 ҳазор метр ҳаффорӣ шуда, ки мунҷар ба шиносоии манбаи заминшиносӣ бо вазни ҳудуди 3 миллиард тон бо айёри мутавассити 42 дарсади мис шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маъдани кашфшуда ба унвони бузургтарин захираи мис шиносоӣ шуда дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ аст, ки бо такя бар дониши бумӣ ва тавони неруҳои мутахассис, мутаъаҳҳид ва ҷавони дохилӣ кашф шудааст .
Консенрати миси порфорӣ муҳимтарин манбаи ҷаҳонии мис ҳастанд ва беш аз 60 дарсад тавлиди ҷаҳонӣ ва дар ҳудуди 65 дарсади манобеи шинохташудаи миси дунёро ташкил дода ва манбаи муҳимме барои соири фулуззот ба вижаи тиллову нуқра маҳсуб мешаванд.
Бо тавваҷуҳ ба ин гамонаҳои дар ҳоли ҳаффорӣ марзи кон ҳануз баста нашудааст,аз ин рӯ тавсеаи амалиёти ҳаффорӣ дар дастури кор қарор гирифта, ки бар ин асос ҳафри 60 ҳалқаи гамона бо масоҳати беш аз 80 ҳазор метр дар марҳилаи дувум тарроҳӣ шуда ва дар дасти анҷом аст .
Пешбинӣ мешавад манбаи замини шиносии баровардашудаи миси Сарчашмаи Кирмон то 4 миллиард тон афзоиш ёбад.