Бозтоби сафари Раисӣ ба Амрикои лотин дар расонаҳои ғарбӣ
(last modified Tue, 13 Jun 2023 10:12:04 GMT )
Июн 13, 2023 15:12 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби сафари Раисӣ ба Амрикои лотин дар расонаҳои ғарбӣ

Расонаҳои ғарбӣ ва англисизабон сафари раиси ҷумҳӯрии Эрони исломӣ ба Венесуэла ва Амрикои лотинро бо адабиёт, вокунишҳо ва шеваҳои мутафовит бозтоб доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафари Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳӯри Эрони исломӣ ба кишварҳои Амрикои лотин мавриди тавваҷуҳи вижаи расонаҳои англисизабон қарор гирифта ва ҳар кадом ба шеваи хоси худ ба ин сафари муҳим вокуниш ва бозтоб доданд.
Шабакаи « Эй би си ниюс »и Амрико бо ташреҳи барномаҳои рӯзи нахусти сафари Раисӣ ба Венесуэла ва имзои қарордодҳои байни ду кишвар навишт: Раисӣ бо ишора ба Амрико гуфт Эрону Венесуэла душмани муштараке доранд.

Image Caption

Хабаргузории Райтери Англия низ бо ишора ба афзоиши ҳамкориҳои Эрону Венесуэла дар солҳои ахир ва нақши муассири муҳандисони эронӣ дар таъмир ва ба рӯзрасонии полоишгоҳҳои нафтии Венесуэла бо унвони « Эрону Венесуэла бо имзои қарордодҳое дар бахши петрошимӣ равобити тиҷории худро афзоиш медиҳанд » имзои қарордодҳои дируз байни ду кишварро мавриди тавваҷуҳ қарор дод .

Image Caption

Алмонитор : Раиси ҷумҳӯри Эрон дар иқдому ҳамлаи зиддиамрикоӣ ба Венесуэла, Куба ва Никарагуа сафар кард.

Image Caption

Франс 24 дар гузорише зимни ишора ба ҷузъиёти сафари Раисӣ ба Венесуэла изҳороти раиси ҷумҳӯри Венесуэла ва Раисӣ дар нишасти матбӯотии муштарак дар Каракасро ба сурати комил пушиш дод ва ба нақли аз Раисӣ титр зад, ки « Эрону Венесуэла душманони муштараке доранд . »

Image Caption

Хабаргузории Анатолияи Туркия бо баёни инки дар авҷи таҳримҳои шадиди Амрико ин нахустин сафари Раисӣ ба Венесуэласт титр зад : Раиси ҷумҳӯри Эрон ба Венесуэла рафт, то бар равобити қавӣ ва муҳками ду кишвар таъкид кунад .

Шабакаи Алҷазира бо титри « Раисӣ дар тӯри Амрикои ҷанӯбӣ ба дунболи равобити роҳбурдӣ аст » навишт : Ҳадафи Эрону Венесуэла афзоиши ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, илмӣ,фановарӣ, киштиронӣ, худравсозӣ, гардишгарӣ, афзоиши парвозҳо ва тақвияти равобити фарҳангӣ аст .
Хабаргузории Фаронса : Раисӣ, раиси ҷумҳӯри Эрон ба Куба, Венесуэла ва Никарагуа сафар кард ; кишварҳое ки таҳти таҳримҳои Амрико ҳастанд .
Хабаргузориҳову вебсайтҳои « радиои Озоди Аврупораби ниюс,Ёҳуниюс, Аларабия, Эй ов эй Испания, ТАРТ-ии Туркия » низ аз ҷумлаи расонаҳое ҳастанд, ки сафари раиси ҷумҳӯри Эрон ба Венесуэларо пушиш доданд.