Таҳлил: Баррасии аҳдофи сафари Эрдуғон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Tue, 13 Jun 2023 16:45:43 GMT )
Июн 13, 2023 21:45 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Баррасии аҳдофи сафари Эрдуғон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Таҳлил: Баррасии аҳдофи сафари Эрдуғон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳурии Туркия ба манзури анҷоми як сафари расмӣ вориди Боку шуд ва қарор аст, имрӯз сешанбе 13 июн бо Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хусуси гуфтугу кунад пас аз дидори дуҷонибаи ин музокирот бо ҳузури ҳайатҳои ду кишвар идома хоҳад ёфт.

Бар асоси эъломи манобеъи турк Эрдуғон ва Алиев дар бораи густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин таҳавулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳанд кард ҳузур дар ҷамъи хабарнигорон аз барномаҳои Эрдуғон ва Алиев пас аз ин дидор аст.

Дар иртибот бо сафари ҷорӣ раисиҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Озарбойҷон нукоти қобили таъмули вуҷуд дорад бар асоси воқеъиятҳои мавҷуд Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеъа, ки барои бори сеюм ба унвони раисиҷумҳурии Туркия интихоб шудааст дар даврони ҷадиди масъулияти худ ду сафари хориҷи анҷом медиҳад, ки ба шакли равшан ҳадафгузорӣ ва сиёсати хориҷии вадалти вайро дар ин давраи панҷсола ба намоиш хоҳад гузошт.

Дар бисёре аз расонаҳои Туркия ва ҷамъи зиёде аз коршиносни сиёсӣ ва фаъолони фазои маҷозӣ Ҳокон Фидонро ба унвони ҷаъбаи сиёҳи Эрдуғон ва махзани асрори ӯ мешиносанд.

Фидон барои муддати тулони раёсати сервиси иттилооти Митро ба уҳдо доштааст, гуфта мешавад, ки ӯ дар ҳамон даврон низ дар сиёсати хориҷи ва ифои нақши Туркия будааст ба бовари бисёри аз таҳлилгарон турк таърифи Ҳокон Фидон ба унвони як чеҳраи амалиётии сифр дар иқдомоти мудохелаҷуёнаи Туркия дар кишварҳои минтақа як хатои ошкор аст ва ӯ натанҳо муҷрӣ, балки тасмимсоз ва пешниҳоддиҳандаи масир будааст.

Бинобар ин супоридани дастгоҳи дипломосии Туркия ба шахсе, ки ҳидоятгари аслии ҳимояти низомӣ ва иттилоотии Туркия дар ҷанги Қарабоғ буд ва тамоми иқдомоти Анкараро дар Либия, Ироқ, Сурия ва Сумолиро ҳидоят кардааст, наметавон интизор дошт, ки тағйир дар сиёсати хориҷии Туркия эҷод кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба инки Туркия дар Қафқози Ҷанубӣ умдатан бар асоси дархости шахсии Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур дорад чунин ба назар мерасад, ки Илҳом Алиев дар талош аст то мушкилоти минтақаии давлати худро бо кишварҳои мустақил назири Эрон ва Русия бо кумаки бегонагон ҳалу фасл кунад ба манзури таҳаққуқи ин ҳадаф раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳатто бо интихоби ҳокими низомии Туркия дар пурҷамъиятарин кишвари ҳавзаи Қафқози Ҷанубӣ мувофиқат кардааст.

Бо вуҷуди ин давлати Эрдуғон, Бахтиёр Пошоевро ба ин манзур ба Боку эъзом кардааст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон чандон хушном нест.

Дар ҳамин замина Алии Карамлӣ, раиси ҷиноҳи мавсум ба ислоҳталабҳои Ҳизби ҷабҳаи халқ ва як соҳибназар дар умури сиёсии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо интишори як видео дар Ютюб- рӯзномаи Озодлиқ эълом кард: Бархе аз шаҳрвандоне, ки зоҳиран аз ақалиятҳои қавмии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд, ҳузури Бахтиёр Арсой, машҳур ба Бахтиёр Пошо, фармондеҳи неруи заминии Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷонро манфӣ, талақи карданд, ҳамаи мо бояд аз ҳузури низомии Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мамнун бошем, зеро натиҷааш тақвияти артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон ва фурупошии шабакаи Русия дар артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон хоҳад буд.

Ин изҳори назарҳои Алии Карамлӣ нишон медиҳад, ки давлати Иҳлом Алиев ҳадиақал ба манзури аз байн бурдани авомили нуфузии Русия дар сохтори артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо имзои санадҳои муҳим дар умури низомӣ ва амниятӣ дар зоҳири амр талош мекунад худро муттаҳиди роҳбурдии Русия муаррифӣ кунад.

Дар як ҷамбандии куллӣ аз сафари раисиҷумҳури Туркия ба Боку бояд гуфт: Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба манзури поён додан ба эътирозоти ҳизбҳои мухолиф ва коршиносони турк ночор аст, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон нуфузи болое дошта бошад то битавонад ба бисёре аз мушкилоти давлат бо ниме аз ҷамъияти мухолифаш дар дохили Туркия поён диҳад.

 

Бештар бихонед: