Раисӣ: Эрон таҳдидҳоро ба фурсате барои пешрафт табдил кард
(last modified Wed, 14 Jun 2023 06:45:25 GMT )
Июн 14, 2023 11:45 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Эрон таҳдидҳоро ба фурсате барои пешрафт табдил кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки Амрико мехост, бо таҳриму таҳдиди миллати Эронро мутаваққиф кунад, тасреҳ кард, миллати Эрон аз таҳдид ва таҳрим барои худ фурсати сохт ва ба пешрафт расид.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе пас аз поёни сафар ба Венесуэла, бо ҳадафи тавсеа ва таъмиқи муносибот бо Никарагуа, вориди Манагуа шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз маросими истиқболи расмии Даниэл Ортега, раисҷумҳурии Никарагуа дар ҷамъи гуруҳе аз ҷавонони ин кишвар, бо ишора ба ҳамзамонии пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ва инқилоби Никарагуа ва таъсири мутақобили ин ду инқилоб, аз қаҳрамонони миллии мубориза бо империализм дар ду кишвар таҷлил кард.

Раисӣ, истиқлолхоҳӣ, озодихоҳӣ ва адолатталабиро ваҷҳи муштараки инқилобҳои мардуми Эрону Никарагуа унвон кард ва афзуд, Эрон барои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳо бавижа дар ҳавзаи илму фанноварӣ, омодагӣ дорад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, иддаои демократия ҳуқуқи башари ғарбиҳоро низ дурӯғин хонд ва гуфт, ғарбиҳо бавижа амрикоиҳо бояд ба низомҳои баромада аз раъйи мардум эҳтиром бигузоранд, аммо баракс амал мекунанд.

Раисӣ бо ишора ба нақши амрикоиҳо дар эҷоди ДИИШ ва сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар мубориза бо терроризм изҳор кард, онҳо иддаои мубориза бо терроризм доранд, аммо қаҳрамони мубориза бо терроризм, яъне Ҳоҷ Қосими Сулаймониро ба шаҳодат расонданд.

Даниэл Ортега, раисиҷумҳури Никарагуа низ дар ин маросим бо ишора ба ҳамзамонии инқилоби Эрону Никарагуа изҳор кард, инқилоби ду кишвар дорои решаҳои қавӣ дар масири мубориза бо истилоталабии султагарон ва ба хусӯс Амрико буд, ки ҳамвора ба дунболи таҳмили хости худ ба дигарон ҳастанд.