Июн 15, 2023 16:32 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлат : Cиёсати Эрон пайгирии мутавозини сиёсати хориҷӣ аст

Сухангӯи давлати Эрон гуфт : Сиёсати давлати сездаҳуми Эрон пайгирии мутавозини сиёсати хориҷӣ бо нигоҳ ба ҳамаи зарфиятҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи нуқоти ҷаҳон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Баҳодурии Ҷаҳрумӣ,сухангӯи давлати Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи аввалин ҳамоиши миллии ривоятгарони пешрафт дар Кирмон, ҷануби Эрон афзуд : Кишварҳое, ки шуракои мутмаину пойдорӣ барои Эрон будаанд, шуракои қобили эътимоде бавижа дар ҳавзаи ҳамкориҳову ҳамроҳиҳои иқтисодӣ ҳастанд . Баҳодурии Ҷаҳрумӣ бо баёни ин ки рӯйкардҳои давлати сездаҳуми Эрон нигоҳи дипломасии ҳамсоягӣ аст, тасреҳ кард : Эрон деринаи бисёр дарозмуддате аз ҳамкориҳову равобити дипломатӣ чӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ бо ҳамсоягони худаш дар нуқоти мухталифи марзӣ бавижа 15 кишвар ҳамсоя доштааст . Сухангӯи давлати Эрон дар бораи азсаргирии равобити Эрону Арабистон ва бозгушоии сафорати Арабистон дар Эрон ҳам гуфт : Ба воситаи фаъол шудани зарфиятҳои ду ва чандҷониба миёни кишварҳои ҳамсоя метавон таъомулоти густардаеро барои ҳифзу тавсеаи амният, афзоиши субот дар минтақа, пойдории таъомулоти байналмилалӣ, асаргузории муштараки минтақа дар ҳавзаҳои ҷаҳонӣ ва равобити мухталифе дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиву-сиёсӣ фароҳам кард.

 

Барчасп