Июн 17, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  • ФАО гузориш дод ; Эрон бузургтарин содиркунандаи маҳсулоти ширӣ дар Осиё

Созмони ҷаҳонии хурокворӣ ва кишоварзии Миллали Муттаҳид ( ФАО ) дар ҷадидтарин гузориши худ Эронро бузургтарин содиркунандаи лабаниёт(маҳсулоти ширӣ) дар Осиё муаррифӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,бар асоси омори ФАО 17 дарсад аз кулли содироти ширу лабаниёти Осиё дар соли 2022 саҳми Эрон будааст .
Ин гузориш меафзояд : Кулли содироти ширу лабаниёти кишварҳои қитъаи Осиё дар соли гузашта беш аз 9 миллион тон будааст, ки Эрон саҳми бузурге аз ин рақамро дар ихтиёр доштааст .
Бар асоси омори ФАО пешбинӣ шудааст содироти ширу лабаниёти Эрон дар соли ҷорӣ ба 1 миллиону 592 ҳазор тон афзоиш ёбад .

 

 

Барчасп