Июн 17, 2023 13:07 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии миллипӯшони футболи Эрон ба финали турнаменти КАФА

Тими миллии футболи Эрон бо пирӯзии пургол муқобили Қирғизистон ба финали турнаменти КАФА ( Федерасиюни футболи Осиёи Марказӣ ) роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Эрон дар дуюмин дидор дар чорчӯби марҳилаи гуруҳии турнаменти КАФА ( ҷумъа ) дар варзишгоҳи ба номи « Долона Умурзоқов»и  Бишкек ба масофи тими миллии Қирғизистон рафт .Ин бозӣ бо 3 голи Маҳдии Торимӣ ва 2 голи Сардор Озмун дар ниҳоят бо натиҷаи панҷ бар як ба суди Эрон тамом шуд.
Ду тим дар ҳоле дар охирин бозии гуруҳи аввал ба масофи ҳам рафтанд, ки Эрон рӯзи сешанбе дар аввалин дидор баробари Афғонистон ба як пирӯзии пурголи шаш бар як даст пайдо кард ва қирғизҳо ҳам баробари Афғонистон бо натиҷаи як бар сифр ба пирӯзӣ расиданд . Ин мусобиқот бо ҳузури ҳафт тим ва дар ду гуруҳ,ки аз рӯзи якшанбе ба мизбонии Бишкеки Қирғизистону Тошканди Узбекистон оғоз шуд ,баргузор мешавад .
Дар гуруҳи аввал тимҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Уммон ҳузур доранд.
Дар гуруҳи дувум низ тимҳои Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон ҳамгуруҳ ҳастанд .
Тимҳои аввал ҳар гуруҳ роҳии финал мешаванд ва дидори радабандии ҳам байни тимҳои дувуми ҳар гуруҳ баргузор хоҳад шуд.
 

 

Барчасп