Вазири умури хориҷаи Арабистон вориди Теҳрон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i103688-Вазири_умури_хориҷаи_Арабистон_вориди_Теҳрон_шуд
Вазири умури хориҷаи Арабистон дар нахустин сафари худ пас аз одисозии равобити дипломатӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон, вориди Теҳрон шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 17, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Арабистон вориди Теҳрон шуд

Вазири умури хориҷаи Арабистон дар нахустин сафари худ пас аз одисозии равобити дипломатӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон, вориди Теҳрон шуд.

Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон дар сафар ба Теҳрон бо Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳур ва дигар мақомоти эронӣ дидор ва дар бораи тавсеаи равобити ду кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Эрону Арабистон пас аз ду сол музокира ва гуфтугу бо мизбонии Ироқу Уммон, даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чандрӯзаи масъулони ниҳодҳои амнияти миллии ду кишвар дар Пекин  бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрону Риёз барои одисозии равобити худ хабар доданд.

Ду кишвар аз соли 2016 равобити дипломатиашонро қатъ карда буданд.