Козимии Қумӣ: Толибон иҷозаи боздиди коршиносони Эрон аз обанбори Каҷакиро дод
Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон хабар дод, ки Толибон иҷоза дода то коршиносони эронӣ аз обанбори Каҷакӣ боздид кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрону сарпарасти сафорати Эрон дар Кобул дишаб (ҷумъа) дар гуфтугӯ бо шабакаи хабари телевизиони Эрон бо таъкид бар инки ҳайати ҳокимаи Афғонистон бояд ба муоҳидаи Ҳирманд пойбанд бошад, гуфт, ки Толибон иҷоза дода то коршиносони эронӣ аз обанбори Каҷакӣ боздид кунанд.
Пеш аз ин, Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дар ҳошияи ҳамоиши вижаи Афғонистон дар Андешкадаи мутолиоти роҳбурдии Исломобод, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин гуруҳ ҳаққобаи Эронро ба расмият мешиносад ва ҳаргиз хостори эҷоди мушкил барои Эрон нест.