Июн 18, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Имзои як баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкорӣ миёни Эрон ва Узбекистон

Мақомоти олирутбаи Эрону Узбекистон дар ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар як баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба имзо расонданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, тавофуқномаи тиҷорати тарҷеҳӣ, ҳамлу нақл ва транзит, ҳамкории доруӣ, барномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои стандарт ва бима, баррасии имкони эҷоди манотиқи озоди муштарак, барномаи иҷрои ҳамкорӣ дар ҳавзаи фанноварӣ ва навоварӣ ва барномаи иҷрои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумлаи меҳварҳои асноди имзо шуда миёни мақомоти ду кишвар дар ҳузури Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон буд.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон бино ба даъвати Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст.

 

Барчасп