Июн 19, 2023 14:54 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Режими саҳюнистӣ миншоъи эҷоди ноамнӣ ва бесуботи дар минтақааст
    Амир Абдуллоҳиён: Режими саҳюнистӣ миншоъи эҷоди ноамнӣ ва бесуботи дар минтақааст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, дар дидори Дабири кулли ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин таъкид кард: Режими саҳюнистӣ миншоъи эҷоди номанӣ ва бесуботи дар минтақааст.

Дабири кулли ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин, ва ҳайати ҳамроҳ имрӯз (душанбе) дар маҳали Вазорати умури хориҷа бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, дар ин дидор гуфт: Режими нажодпарасти саҳюнистӣ миншоъ ва манбаъи аслии эҷоди номанӣ ва бесуботи дар минтақа аст ва бояд иқдоми мунсаҷим ва муассири кишварҳо ва давлатҳои исломӣ барои тувқифи ҷиноёти зиддӣ башарии саҳюнистҳо алайҳи миллати мазлуми Фаластин сурат гирад.

Амир Абдуллоҳиён, дар ин дидор бо табрики пирӯзии бузурги ахири размандагони муқовимат дар ҷанги 5 рӯзаи Ғаза ва нақши муассири гурӯҳҳои муқовимат дар ин пирӯзӣ, масъалаи Фаластинро масъалаи меҳвари ҷаҳони ислом донист ва бар ҳимояти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ормони Фаластин ва Қудси шариф ва пуштибони аз муқовимати машрӯъи миллати Фаластин алайҳи ишғолгарони саҳюнист таъкид кард.

Барчасп