Июн 19, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Саҳюнистҳо ба дунболи ноумедии ҷавонони фаластинӣ ҳастанд\'h
    Раисӣ: Саҳюнистҳо ба дунболи ноумедии ҷавонони фаластинӣ ҳастанд\'h

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фалатсин ва ҷамъи аз роҳбарони ин ҷунбиш таъкид кард: Саҳюнистҳо ба дунболи ноумедии ҷавонони фаластинӣ ҳастанд.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Зиёд Алнахола дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҷамъи аз арҳбарони ин ҷунбиш гуфт: Рузгори умедбахши аз фаластиниён барои раҳоӣ аз зулму ишғоли режими саҳюнистӣ ба мизҳои музокира буд, аммо имруз ҳама ҳатто тарафдорони музокира чашми умед ба муҷоҳидон ва неруҳои муқовимат бастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА раиси ҷумҳур афзуд: Имруз муҷоҳидони фаластинӣ ибтикори амаро дар даст доранд ва ин пирузии бузург ҳадияи Илоҳи аст, ки ба поси сабури дар баробари мушкилот ва истодагӣ дар баробари зулм ва зургуӣ режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ин режим насиби миллати сарафрози Фаластин шуда аст.

Зиёд Алнахола низ дар ин дидор бо баёни ин ки миллати Фаластин қадрдони ҳимоятҳои пай дар пайи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд гуфт: Имруз Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари муҳим ва таъинкунанда дар таъомулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Барчасп