Июн 20, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • 6 медали намояндагони Эрон дар мусобиқоти дучархасавории қаҳрамонии Осиё

Намояндагони Эрон бо касби 6 медал ба кори худ дар мусобиқоти дучархасавории писти қаҳрамонии Осиё поён доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар охирин рӯзи мусобиқоти дучархасавории писти қаҳрамонии Осиё дар кишвари Малайзия намояндагони Эрон дар 5 мода ба рақобат пардохтанд.
Дар ин рақобатҳо Беҳрузи Фарзод, Муҳаммади Ганҷхонлу медали тилло раддаи синнии бузургсолонро касб кард.
Пурёи Ёқубӣ , Ризои Рашнав ва Далери Ҳайдарободӣ низ дар радаи синнии ҷавонон ба медали нуқра расиданд.
Намояндагони Эрон ҳамчунин ба медали бринҷии модаи чаҳор ҳазори метри таъқибӣ ва медали бринҷии модаи дунафара расиданд . ­
 

 

Барчасп