Раисӣ: Ҷебҳаи муқовимат дар ҳоли тағири мавозенаи қудрат аст
(last modified Tue, 20 Jun 2023 12:50:17 GMT )
Июн 20, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҷебҳаи муқовимат дар ҳоли тағири мавозенаи қудрат аст
    Раисӣ: Ҷебҳаи муқовимат дар ҳоли тағири мавозенаи қудрат аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба пирузиҳои меҳвари муқовимат гуфт имруз ҷебҳаи муқовимат нафақа дар сарзаминҳои ишғолӣ балки дар минтақа ва ҳатто дар арсаи байналмилалӣ дар ҳоли тағири мавозенаи қудрат ва шароит ба нафъи худ ва ба зиёни ҷараёни султа аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Исмоил Ҳания раис ва ҷаъми аз аъзои баланпояи дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон бо табрики мувафақиятҳои ахири ҷебҳаи муқовимати Фаластин ва таъкид бар ин ки ин пирузиҳо нишон дод, ки имруз ибтикори амал дар дасти ин ҷебҳа аст гуфт: Нишонаҳо гувоҳи он аст, ки имруз муқовимат аз ҳар замони қавитар ва душманони ин ҷебҳа дар ҷойгоҳи заифтар аз ҳар замони дигар ҳастанд.

Раисӣ таъкид кард пирузии ҷебҳаи муқовимат ҳамчунин ошкор ва исбот кард тасвире, ки саҳюнистҳо талош мекарданд аз қудрати боздорандагии иддаои худ намоиш диҳанд воқеъи нест.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки инсиҷом ва якпорчагии гуруҳҳои мухталифи ҷиҳои дар Фаластин зери парчами муқовимат атияи Илоҳи аст ки бояд онро ҳифз ва барои иртиқои он талош кард афзуд: Имруз ҳатто касоне ки рузгори ба дунболи музокира ва тавофуқ бо режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш буданд амиқан ба ин таҳлил ва натиҷа расиданд, ки кутоҳ омадан ва музокира бо ин режим бефоида буда ва танҳо роҳи мумкин барои ру ба руи бо он муқовимат аст.

Раисӣ муҳимтарин масъалаи ҷаҳони исломро озодии Қудс ва ҳаргуна талош барои одисозии равобит бо режими саҳюнистиро хиёнат ба ормони Фаластин ва ханҷар задан аз пушт ба ҷараёни муқовимат донист.