Июн 20, 2023 21:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҳарам дар меҳмонии Раҳбари инқилоб
    Ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҳарам дар меҳмонии Раҳбари инқилоб

Ҷамъе аз хонаводаи шуҳадои мудофеи ҳарам рӯзи сешанбе, мусодиф бо аввали зилҳаҷҷа - солрӯзи издивоҷи ҳазрати Алӣ алайҳиссалом ва ҳазрати Заҳро, саломуллоҳи алайҳо дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) меҳмони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ буданд.

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар ин дидор хониводаи шаҳид Маҷиди Қурбонхонӣ дархост карданд то хутбаи ақди духтарашон Зайнаби Қурбонхонӣ тавассути Раҳбари муаззами инқилоб ҷорӣ шавад.

Раҳбари муаззами инқилоб баъд аз ҷорӣ шудани хутбаи ақд дуо карданд, ин завҷ зиндагии ширине дошта бошанд ва гуфтанд: «Бо ҳам бисозед, сафо ва садоқат дошта бошед то зиндагиатон ширин бошад».

Абатта ин аммо ҳамаи моҷаро набуд. Пас аз қироати хутбаи ақд, падари шаҳид Қурбонхонӣ аз ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дархост кард то аз модари шаҳид бихоҳанд то либоси мишки(сиёҳ)-и худро иваз кунад. Дархосте ки бо посухи мусбати эшон рӯ ба рӯ шуд ва гуфтанд: «Либоси мишкиро иваз кунед. Мо чашми ҳақиқатбин надорему наздикбин ҳастем. Агар чашми ҳақиқатбин доштему ҷойгоҳи шуҳадоро дар он дунё медидем, қатъан барои онҳо хушҳолӣ ва шодӣ мекардему азо намегирифтем».

Размандаи мудофеи ҳарам Маҷиди Қурбонхонӣ апрели 2015 дар 25 солагӣ дар Хонтумони Сурия шаҳид шуд ва пайкари мутаҳҳараш се соли баъд аз шаҳодат ба Эрони исломӣ бозгашт. Ҷавоне аз манотиқи ҷанубии Теҳрон, ки ба баракати иродат ба аҳли байт (а) ва сафари Карбало таҳаввули рӯҳиву шахсиятӣ ёфт ва дар ниҳоят ба дараҷаи болои шаҳодат расид.

 

Барчасп