Июн 21, 2023 12:30 Asia/Dushanbe

Тими миллии Эрон бо бартарӣ баробари Узбекистон қаҳрамони мусобиқоти футболи Осиёи Марказӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Эрон дар дидори поёнии мусобиқоти CAFA дар варзишгоҳи Бунёдкори шаҳри Тошканд ва дар баробари 45 ҳазор тамошогар ба масофи Узбекистон рафт ва бо бартарии як ба сифр муқобили ҳариф бар саккуи қаҳрамонии мусобиқоти Осиёи Марказӣ ҷой гирифт.

Голи Эронро дар ин дидор Сардор Озмӯн дар дақиқаи 49 басамар расонд.

Тими миллии футболи Эрон барои қаҳрамонӣ дар ин рақобатҳо, Афғонистону Қирғизистонро бо натоиҷи пурголи 6 ба 1 ва 5 ба 1 дар даври гуруҳӣ шикаст дод ва дар финол ҳам бар Узбекистон ғалаба кард.

Ҳудӯди 300 эронӣ низ барои ҳимоят аз тими миллии ин кишвар дар варзишгоҳ ҳузур доштанд.

 

Барчасп