Амир Абдуллоҳиёни вориди Иморот шуд
Июн 22, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
-
Амир Абдуллоҳиёни вориди Иморот шуд
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар идомаи сафари минтақаии худ вориди Имороти Муттаҳидаи арабӣ шуд.
Ба гузориши Ирно, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар чаҳорумин ва охарин мақсади сафари минтақаии худ ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, бо истиқболи Халифа Шоҳин Алмарар вазири мушовири Имороти Муттаҳидаи арабӣ вориди фурӯдгоҳи Абузабӣ шуд.
Гуфтугӯҳҳои дуҷониба ва табодулоти назари мавриди масоили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз муҳимтарин меҳварҳои дидори Амир Абдуллоҳиён дар Имороти Муттаҳидаи арабӣ хоҳад буд.
Барчасп