Танини мусиқии эронӣ дар маркази фарҳангии Маскав + видео
Маҷмуаи фарҳангии «библио глобус» -и Маскав мизбони нишасте бо унвони «Рамзу розу ҷаззобияти мусиқии эронӣ» буд, ки дар он мухотабони рус бо вижагиҳои мусиқии Эрон ошно шуданд.
Ба гузориши ИРНА, дар ин ойин, ки ба муносибати 21 июн - рӯзи ҷаҳонии Мусиқӣ ва бо ҳамкории ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия баргузор шуд, Тамила Ҷонизода, аз пажӯҳишгарони рус дар бораи мақомоти мусиқӣ, таърихчаи мусиқии эрониву исломӣ, ирфон дар мусиқии исломӣ суханоне эрод кард ва ба муаррифии китобҳои худ дар ин замина пардохт.
Амири Хетоӣ, ҳунарманд ва мусиқишиноси эронии муқими Маскав дар бораи мақомот ва дастгоҳҳои мусиқии Эрон тавзеҳоте дод.
Ҳамчунин дар ин ойин ду китоб ба забони русӣ аз интишороти «Садро», вобаста ба бунёди мутолеоти исломии Ибни Сино, мустақар дар Русия муаррифӣ шуд.
«Мусиқӣ дар матни Ислом; суннатҳои эронӣ» - гирдоваришуда тавассути Тамила Ҷонизода, дигар китобе буд, ки дар ин ойин муаррифӣ шуд.