Гуфтугуи телефонии Амирабдуллоҳиён бо Лавров
-
Гуфтугуи телефонии Амирабдуллоҳиён бо Лавров
Вазири умури хориҷаи Эрон ва Русия дар гуфтугуи телефонӣ дар бораи охирин вазъияти муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин таҳавулоти марбут ба вазъияти эҷодшуда дар минтақаҳои аз Русия табодули назар карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон рузи шанбе дар гуфтугу бо Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия зимни ҳимоят аз ҳокимияти қонуни дар ҳамаи кишварҳо аз ҷумла кишвари ҳамсоя ва дусти Русия ва интиқод аз ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар умури дохилии кишварҳо шароити Русияро як мавзуъи комилан дохили баршуморид ва ибрози этминон кард, ки Русия аз ин марҳала убур хоҳад кард.
Сергей Лавров низ бо ишора ба изҳороти Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия бар эъмоли комилан ҳокимияти қонуни бар тамомияти арзии ин кишвар таъкид карду гуфт: Русия ба суръат аз ин вазъият убур мекунад.
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин зимни арзёбии равобити сатҳи болои Теҳрон ва Маскав бар пайгирии тавофуқоти дуҷониба таъкид кард.