Ғарибободӣ: Таҳримҳо бузургтарин ҷиноят алайҳи башарият аст
(last modified Sun, 25 Jun 2023 13:17:06 GMT )
Июн 25, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Таҳримҳо бузургтарин ҷиноят алайҳи башарият аст

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, таҳримҳоро бузургтарин ҷиноят алайҳи башарият донист ва гуфт, Амрико ин таҳримҳои якҷонибаро алайҳи ҳудӯди 25 кишвар эъмол карда, ки ғайриқонӯнӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар нишасти хабарӣ бо мавзӯи ҳафтаи бозхонӣ ва ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ ва бузургдошти шуҳадои ҳафтуми тир, изҳор кард, вазъи таҳримҳои якҷонибаи золимонаи ғайриқонӯнӣ алайҳи мардуми Эрон, яке аз ҷиноёти Амрико аст ва Амрико густардатарин таҳримҳои золимонаро алайҳи мардуми Эрон вазъ кард.

Ғарибободӣ бо баёни инки ба гуфтаи ҳуқӯқдонони барҷаста бояд ба таҳримҳо ба масобаи як силоҳи ҷангӣ нигоҳ кард, афзуд, дар таҳримҳо на танҳо ҷони теъдоди бештаре гирифта мешавад, балки дар ҳавзаҳои мухталиф низ осебҳои фаровон ворид мешавад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба иқдомоти ҷинояткоронаи Амрико ва гурӯҳакҳои террористии зидди Эрон тасреҳ кард, сӯи қасд ба ҷони Раҳбари муаззами инқилоб, шаҳодати 17 ҳазор шаҳрванди эронӣ, бомбаборони шимиёии Сардашт, бахше аз ҷиноёти Амрико ва терруристҳо алайҳи мардуми Эрон аст.

Ғарибободӣ бо бо баёни инки беш аз 35 миллион нафар дар ҷаҳон тавассути Амрико кушта шудаанд, изҳор кард, 27 миллион нафар аз кушта шудагон, сурхпӯстон ҳастанд ва 4 миллиону 500 ҳазор нафар ҳам дар ҷанги Ветнам кушта шуданд, ҳамчунин дар Кубо, Мексика, Ироқ, Афғонистон ҳам куштору ҷиноёти бисёре тавассути Амрико алайҳи башарият анҷом шуд.