Июн 26, 2023 11:17 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати Имом Муҳаммади Боқир (а)
    Таслияти солрӯзи шаҳодати Имом Муҳаммади Боқир (а)

Эрони Исломӣ дар солрӯзи шаҳодати Имом Муҳаммади Боқир (а), набераи Паёмбар (с) дар ғам ва мотам аст.

(Душанбе) 7 зилҳиҷҷаи 114 ҳиҷрии қамари мусодиф бо 26-уми июни соли 2023, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир ё  Боқир- Ал-Улум (шикофандаи улум) аст.

Ҳазарати Имом Муҳаммади Боқир (а) 19 солу 10 моҳ пас аз шаҳодати падари бузургаворашон ҳазрати Имом Зайналобиддин (а) ба анҷоми вазифаи хатири имомат пардохтанд.

Имом Муҳаммади Боқир (а) дар даврони имомати худ аз нашр ва таблиғи фарҳанги исломӣ, таълими шогирдон, раҳбари асҳобу мардум, иҷро кардани суннатҳои ҷадди бузургавораш ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни мардум ва мутаваҷҷеҳ кардани дастгоҳи ғосиби ҳукумат ба хати саҳеҳи раҳбарӣ, лаҳзае ғафлат накарданд.

Имом Боқир саранҷом ҳафтуми  зилҳиҷҷаи соли 114 ҳиҷрии қамарӣ дар 57 солагӣ дар Мадина ба василаи Ҳишом бин Абдулмалик аз хулафои Умавии мавсум ба шаҳоздат расиданд.

Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (а)-ро ба мусалмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.