Ирсоли гуштҳои қурбони дар ҳаҷи имсол ба 34 кишвари фақир
Раиси созмони ҳаҷу зиёрати Эрон эълом кард: Бар асоси барномарезиҳои анҷомшуда дар Арабистон гуштҳои қурбони дар ҳаҷи имсол ба 34 кишвари фақир ирсол мешавад.
Раиси созмони ҳаҷузиёрати Эрон эълом кард: Бар асоси барномарезиҳои анҷомшуда дар Арабистон гуштҳои қурбони дар ҳаҷи имсол ба 34 кишвари фақир ирсол мешавад.
Сайидабоси Ҳусейни ҳамоиши зобиҳони эронӣ дар Макаи Мукарама афзуд: 40 дарсад аз гушти густфанди қурбони дар рузи иди саъиди Қурбон низ дар ихтиёри фақирон ва ниёзмандони арабистонӣ қарор хоҳад гирифт.
Вай таъкид кард: Мутобиқи аҳкоми шаръи ҳар ҳоҷи бояд дар рузи иди Қурбон як гусфанди нар қурбони кунад ва ба теъдоди тамоми зоирони эронӣ густфандҳои мавриди назар пешбини ва харидори шуда аст.
Раиси созмони ҳаҷузиёрати афзуд 65 нафар зобиҳон “қасоб” аз Эрон дар рузи иди Қурбон кори қурбони кардани густфанди ҳоҷиёни эрониро дар қолаби тарҳи қурбони анҷом медиҳанд.
Вай гуфт: Ҳамаи муқадимот ва барномарезиҳо барои тарҳи қурбони андешида шуда аст ва 72 хат зебҳ дар иди саъиди Қурбон барои зоирони эронӣ дар Макаи Мукарама фаъолият хоҳанд кард.
Ҳусейни афзуд: Зебҳ дар хатҳои ёдшуда тавассути 65 зобеҳи эронӣ ва дар 3 кушторгоҳ анҷом мегирад имсол дар маҷмуъ 87 ҳазору 541 зоири эронӣ дар маносики ҳаҷи фарзия ширкат карданд.