Ғарибободӣ: Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико аъзои мунофиқинро ба Эрон истирдод кунанд
Муовини умури байналмилалии қуваи қазоияи Эрон гуфт: Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико аъзои гуруҳаки террористии мунофиқинро ба Эрон истирдод кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ муовини умури байналмилалии қуваи қазоияи Эрон бо баёни ин ки аҳкоми зидди бархе аз аъзои гуруҳаки террористии мунофиқин дар маҳокими Эрон содир шуда аст таъкид кард: Иқдомҳои қазоӣ дар ин бора шиддати бештари ба худ гирифт ва дар моҳҳои оянда суръати бештари низ хоҳад гирифт.
Дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон таъкид кард: Кишварҳои аврупоӣ ҳатто агар қасд доранд ба мунофиқин паноҳ бидиҳанд бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин афрод террорист ҳастанд худ низ онҳоро муҳокима кунанд.
Муовини умури байналмилалии қуваи қазоияи Эрон афзуд: Террористҳои мунофиқ барои кишварҳои мизбон низ зарари бисёр бузурги ҳастанд ва дер ё зуд кишварҳои дигари ҳам гирифтори иқдомоти террористии ин афрод хоҳанд шуд.