Июн 27, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Генерал Родон: Эрон ва Русия таҷрубаи полисии хуби доранд
    Генерал Родон: Эрон ва Русия таҷрубаи полисии хуби доранд

Фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ва Русия таҷрубаҳои хуби дар мубориза бо маводи мухаддир, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Аҳмадризо Родон барои анҷоми сафари ду руза рузи сешанбе бо истиқболи Козими Ҷалолӣ сафири Эрон ва мудири кулли ҳамкориҳои байналмилалӣ горди миллии Русия вориди фурудгоҳи Вунуковои Маскав шуд.

Генерал Аҳмадризо Родон ҳангоми вуруд ба Маскав дар посух ба саволи хабаргузории Эрон Пресс таъкид кард Эрон ва Русия тамоюл доранд таҷрубаҳои полисии худро ба иштирок бигузоранд ва аз омузишҳои якдигар баҳра бибаранд ва ба тарафи истифода аз таҷҳизоти муштараки ҳам ҳаракат кунанд.

Фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедвори кард сафар ба Русия ва дидор бо мақомоти Русия сароғози барои густариши равобит ва ҳамкории полиси Эрон ва Русия дар заминаҳои мухталиф аст.

Барчасп