Оятуллоҳ Хотамӣ : Душманони Эрон маҳкум ба шикаст ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i104258-Оятуллоҳ_Хотамӣ_Душманони_Эрон_маҳкум_ба_шикаст_ҳастанд
Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон сарнавишти душманону мухолифони Эронро маҳкум ба шикаст донист .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 29, 2023 20:04 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хотамӣ : Душманони Эрон маҳкум ба шикаст ҳастанд

Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон сарнавишти душманону мухолифони Эронро маҳкум ба шикаст донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,оятуллоҳ Сайидаҳмади Хотамӣ-хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон хитоб ба Амрикову Аврупо, ки ҳомиёни мухолифини низом ҳастанд гуфт : Сарнавишти ҳамаи мухолифине, ки шумо ҳомии он ҳастед, маҳтум ба шикаст аст .
Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин ба талоши душманони Эрон барои идомаи иғтишошоти соли гузашта ( 1401 шамсӣ ) дар Эрон ишора ва тасреҳ кард : Пайравони мунофиқин иғтишошоти пойизи соли гузаштаро ба вуҷуд овараданд, ки боз ҳам шикаст хӯрданд ва мӯҷиб шуд аз сиёсатҳои Амрикову Аврупо ҳазф шаванд .
Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон рафтори рӯзҳои ахири полиси Албания бо гурӯҳаки террористии мунофиқинро авҷи зиллати музоъафи ин гурӯҳак донист ва тасреҳ кард : Мунофиқине ки дар парвандаи онҳо террори 17 ҳазор нафар бегуноҳ вуҷуд дорад қатъан шикаст хоҳанд хурд ва ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид .
Мақари гурӯҳаки террористии мунофиқин дар урдӯгоҳе башиддат муҳофизатшуда дар минтақае байни пойтахти Албания ( Тирана ) ва шаҳри соҳилии " Дурс " қарор дорад.