Қолибоф: Мусулмонони ҷаҳон посухгӯи иҳонат ба Қуръон хоҳанд буд
(last modified Fri, 30 Jun 2023 13:15:58 GMT )
Июн 30, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон
    Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, мусулмонони ҷаҳон бо тавваҷуҳ ба мавозеи мароҷеи изоми тақлид ва дар чорчӯби қавонини муқаддаси Ислом ба наҳви мумкин посухгӯи иҳонатҳои мунзаҷиркунанда ба Қуръони Карим хоҳанд буд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон бо ишора ба иҷозаи давлати Шветсия барои беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим афзуд: Беэҳтиромӣ ва ҷасорати давлату полиси Шветсия дар фароҳам сохтани заминаи иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим бо пӯшиши дурӯғини озодии баёну амал, ба шиддат маҳкум аст.

Ду ҳафта пас аз он ки додгоҳи таҷдиди назари Шветсия мамнуияти эъломшуда тавассути полиси ин кишварро ба тазоҳуроте ки барои сӯзондани Қуръон созмондеҳӣ шуда буд, рад кард, полис муҷаввизи тазоҳуротро содир ва фарди баргузоркунандаи ин тазоҳурот рӯзи чаҳоршанбе, мусодиф бо иди саиди Қурбони мусулмонон, як нусха аз Қуръони Каримро сӯзонд, ки эътирозу маҳкумияти густардаи ҷаҳониро дар пай дошт.