Баидинажод: Қарордоди “Airbus” поёне бар қадимитарин таҳрим зидди Эрон аст
Декабр 24, 2016 17:28 Asia/Dushanbe
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия, қарордоди ширкати ҳавопаймосозии «Аэробус» (Airbus) Фаронса бо Эронро поёне бар таҳримҳо донист.
Ба гузориши ИРНА, Ҳамиди Баидинажод бо ишора ба қарордоди хариди ҳавопаймо байни Теҳрон ва ширкати ҳавопаймосозии «Аэробус» (Airbus) Фаронса, таъкид кард, ин қарордод ҳамонанди қарордод бо Боинг, ки аз муҳиммтарин дастовардҳои БАРҶОМ аст, поёне бар қадимитарин таҳрим зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад.
Вай ҳамчунин қарордод бо Аэробусро як қарордоди муҳимми тиҷорӣ донист, ки бо вуруди ҳавопаймоҳои ҷадид ба новгони ҳавопаймоии Эрон, мӯҷиби боландагӣ ва шукуфоии санъати ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад шуд.