Фармондеҳи марзбонии Эрон: Интишори тасовири шаҳрвандони афғонистонии кушташуда шайтанати бархе расонаҳо аст
Муовини иҷтимоъи фармондеҳи марзбонии Эрон интишори тасовири шаҳрвандони афғонистонии кушташуда тавассути неруҳои марзбонии Ҷумҳурии Исломи дар фазои маҷозиро шайтанати бархе расонаҳо ва кишварҳо донист.
Аз соати қабл тасовири дар фазои маҷозӣ дар ҳоли интишор аст ва дар зели он ишора мешавад, ки пайкарҳои барзаминмонда дар ин тасовир марбут ба теъдоди аз шаҳрвандони кишвари Афғонистон аст, ки дар ҳоли гузари ғайриқонуни аз марз тавасути неруҳои марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон кушта шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон муовинати иҷтимоъӣ фармондеҳи марзбонии Эрон дар иттилоъияи бо такзиби ин хабар эълом кард дар рузҳои гузашта ҳиҷгуна бархурди мусалаҳона миёни марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мутаҷовизони марзии кишвари Афғонистон сурат нагирифт ва тасовири мунташиршуда марбут ба марзҳои муштараки Эрон ва Афғонистон нест.
Ин иттилоъия бо ишора ба шайтанати бархе расонаҳо ва кишварҳо дар ин робита таъкид кард ҳамзамон бо оғози бархе таҳарукоти зидди инсонӣ зидди муҳоҷирони афғонистонӣ дар бархе кишварҳои ҳамсоя ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто Амрико акнун ба назар мерасад ҷараёни расонаи вобаста ба онҳо талош бар ин дорад то бо интишори ахбор ва тасовири дуруғин миёни ду миллати бародари Эрон ва Афғонистон шикоф эҷод кунад.
Дар иттилоъияи муовинати иҷтимоъӣ фармондеҳи марзбонии Эрон таъкид шуда аст мардуми Эрон ва Афғонистон бояд дар ин замина ҳушёр бошанд ва фиреби амалиёти расонӣ ва равонии бегонаҳои расонаӣ ғарбиро нахуранд.