Тафсир. Такмили фароянди узвияти Эрон дар СҲШ
-
Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар соли 2001 таъсис шуд
Узвияти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар нишасти ояндаи ин созмон дар 4 июл такмил мешавад.
Жонг Минг, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни ибрози хурсандӣ аз узвияти комили Эрон дар ин созмон таъкид кард, узвияти комили Эрон дар нишасти ояндаи ин созмон ба сурати расмӣ эълом хоҳад шуд ва аз таърихи чаҳоруми июл (13 тирмоҳ) Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамаи ҳуқуқи марбут ба кишварҳои узви созмон бархӯрдор хоҳад буд.
Ҳафтаи гузашта низ Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи раёсати ҷумҳурии Русия дар умури СҲШ гуфта буд, Ҷумҳурии исломии Эрон мароҳили лозим барои узвияти комилро анҷом додааст ва Эрон дар иҷлоси оянда, ки аз тариқи видео-конфронс дар Деҳлии Нав баргузор мешавад, ба унвони узви комил пазируфта хоҳад шуд.
Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар соли 2001 таъсис шуд, як иттиҳоди байниқорраие аст, ки бар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мутамаркиз аст.
Ин созмон зимни дарбаргирии тақрибан 40 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон 28 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Имрӯза узвият дар созмонҳое назири Шанхай ки илова бар авоиди иқтисодии қобили тавваҷуҳ, абъоди сиёсиву амниятии хоси худро низ дорад, барои кишварҳо бисёр ҳоизи аҳамият аст. Зеро узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ба густариши зарфиятҳои иқтисодии кишварҳо ва ҳамчунин афзоиши таомулоти чандҷонибаи байналмилалӣ кумак мекунад.
Бо тавваҷуҳ бо ин ки таомулу пайвастагӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва ҳузури муассир дар тартиботи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар конуни сиёсати хориҷии давлати сенздаҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад, аз ин рӯ давлати Эрон дар ду соли гузашта дар ростои беҳбуди равобит бо кишварҳои узви ин созмон иқдомоти ҷиддии дипломатиро дар авлавияти худ қарор дод ва тавонист мувофиқати ҳамаи аъзои Шанхайро ҷалб кунад.
Дар ҳамин чорчӯб, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар шаҳривари 1400 (сентябри 2021) бо сафар ба Тоҷикистон ва ҳузур дар бистуякумин иҷлоси сарони СҲШ тавонист муҷаввизи тағйири узвияти Эрон дар ин созмон, аз нозир ба доимро дарёфт кунад.
Табиист, ки ниҳоӣ шудани узвияти комили Эрон дар СҲШ аз ҷанбаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ҳоизи аҳамият аст, зеро аз ин пас Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои доиму аслии СҲШ фазои муносибтаре барои таомулоти байналмилалӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ, пуливу бонкӣ ба даст меоварад. Ин дар ҳолест, ки Эрон таҳти таҳримҳои якҷонибаву ғайриқонунии Амрико қарор дорад ва ба ҳамин далел узвияти комил дар СҲШ илова бар мазоёи иқтисодӣ барои Эрон, шикасте барои Амрикову сиёсатҳои ин кишвар дар мунзавӣ кардани Ҷумҳурии исломии Эрон низ арзёбӣ хоҳад шуд.
Бояд дар назар дошт, ки мавқеияти геополитикӣ ва манобеи азими нафту гази Эрон барои аъзои Шанхай бисёр муҳим аст. Ҳамчунин узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз бузургтарин дорандагони манобеи нафту газ, барои аъзои Шанхай, аз ҷумла Чин ба унвони бузургтарин масрафкунандаи энержӣ, муҳим талаққӣ мешавад.
Бинобарин, ҳузури Эрон дар СҲШ аҳамияту ҷойгоҳи ин созмонро дар муносиботи байналмилалӣ иртиқо хоҳад дод.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай бо ишора бо ин мавзуъ изҳор дошт: Итминон дорам, ки узвияти ниҳоии Эрон як зарфияти ҷадиду физоянда дар ихтиёри Созмони Ҳамкории Шанхай қарор хоҳад дод.