Исломситези дар англис; буҳрони сохторе, ки даҳ сола шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122976-Исломситези_дар_англис_буҳрони_сохторе_ки_даҳ_сола_шуд
Порс тудей- камисари ҳуқуқи башари исломии Англис дар солрузи интишори гузориши муҳити нифрат эълом кард, ки исломҳароси дар ин кишвар натаҳо коҳиш наёфта балки дар қолаби сохтори ва ниҳодинашуда ба марҳалаи нигаронкунандатари расида аст раванде, ки паёмадҳои амиқи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ба ҳамроҳ дорад.
(last modified 2025-11-19T09:22:19+00:00 )
Ноябр 18, 2025 15:35 Asia/Dushanbe
  • Исломситези дар англис; буҳрони сохторе, ки даҳ сола шуд
    Исломситези дар англис; буҳрони сохторе, ки даҳ сола шуд

Порс тудей- камисари ҳуқуқи башари исломии Англис дар солрузи интишори гузориши муҳити нифрат эълом кард, ки исломҳароси дар ин кишвар натаҳо коҳиш наёфта балки дар қолаби сохтори ва ниҳодинашуда ба марҳалаи нигаронкунандатари расида аст раванде, ки паёмадҳои амиқи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ба ҳамроҳ дорад.

Дар як паёми видеоии нав, комиссияи ҳуқуқи башари исломии Британия гузориши 10-солаи худро бо номи "Фазои нифрат" аз нав дида баромад ва таъкид кард, ки исломофобия дар кишвар дар даҳсолаи охир аз як мушкили иҷтимоӣ ба як бӯҳрони сохторӣ табдил ёфтааст.

Тибқи гузориш, афзоиши тасоъуди ҷинояти ноши аз нифрат, табъизи муташаккилона ва намояндагии ғаразноки мусалмонон дар расонаҳо натанҳо вокуниш ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, балки маҳсули ҳамбастагии се ниҳоди калидӣ: сиёсат, қонун ва расона мебошад, ки дар тавлид ва идомаи ин фазои душманона нақши мустақим доранд.

Дар гузориши аввали комиссия ҳушдор дода шудааст, ки омори расмӣ дар бораи ҷиноятҳои зиддимусалмонӣ аз сабаби гузоришҳои нодурусти васеъ тасвири воқеиро пинҳон мекунад. Акнун, ин ниҳод таъкид мекунад, ки фосила байни омори давлатӣ ва воқеиятҳо дар маҳал васеътар шудааст ва қабули сиёсати муассирро ғайриимкон мегардонад. Натиҷа барои мусалмонон "фазои изтироби доимӣ" аст, ки ҳатто дар сатҳҳои олии ҳукумат, аз додгоҳи олӣ то парлумон, ба шаҳрвандони мусалмон тавсия дода мешавад, ки нисбат ба дигарон эҳтиёткортар рафтор кунанд.

Ин комиссия бар он назар аст, ки нокомии ниҳодҳои масъул дар муқобила бо афзоиши нифрат роҳро барои амиқтаршудани низоми табъизӣ, ки аз исломҳаросии сунати то исломситезии ошкор кардааст. Масъуд Шаҷара, раиси Комиссияи ҳуқуқи башари исломии Британия, вазъиятро убур аз "хатти сурх" номид ва ҳушдор дод, ки пуштибонии ошкорои баъзе сиёсатмадорон ва расонаҳо аз суханрониҳои гумроҳкунанда вазъиятро ҳар сол бадтар мекунад.

Комиссияи ҳуқуқи башари исломӣ ба зарурати фаъол кардани ҷомеаи мусалмонон барои муқобила бо ин тамоюл таъкид кардааст, зеро дар заминаи исломҳаросии сохтории идомаёбанда, такя ба механизмҳои расмӣ кофӣ ба назар намерасад.