Июл 04, 2023 13:53 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти гази табиии Эрон дар соли гузашта

Содироти гази табиии Эрон дар соли милодии гузашта 9 дарсад рушд кард ва ба марзи 19 миллиард метри мукаъаб расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муассисаи энержӣ дар бахше аз ҳафтоду дуюмин гузориши солонаи мурӯри омории энержии ҷаҳони омори марбӯт ба тиҷорати гази табиӣ дар ҷаҳонро ироа додааст.
Бар асоси ин гузориш Эрон 18.9 миллиард метри мукаъаб гази табиӣ дар соли милодии гузашта содир карда, ки ин рақам муодили 2 . 5 дарсад аз кулли тиҷорати ҷаҳонии гази табиӣ аз тариқи хати лӯла дар ин сол будааст .
Содироти гази Эрон дар соли 2022 нисбат ба сол қабл аз он 9 дарсад рушд доштааст, ки беш аз 4 баробари рушди мутавассити тиҷорати ҷаҳонии ин маҳсӯл будааст .
Аз кулли содироти 18.9 миллиард метри мукаъаб гази Эрон дар соли милодии гузашта 9.4 миллиард метри мукаъаб ба Ироқ 9.1 миллиард метри мукаъаб ба Туркия ва 0.4 миллиард метри мукаъаб ба Ҷумҳурии Озарбойҷон содир шудааст .
Муассисаи энержии кулли тиҷорати ҷаҳонии гази табиӣ аз тариқи хати лӯла таи соли 2022-ро 718 миллиард метримукаъаб эълом кардааст .
Ин рақам нисбат ба сол қабл аз он рушди 2 дарсадӣ доштааст .
 

 

Барчасп