Амир Абдуллоҳиён: Дидор бо Илҳои Алиев созанда буд
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер дидор бо Илҳом Алиев раисиҷумҳӯри Озарбойҷонро созанда , муфасал ва самарбахш тавсиф кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз аз Ирно, Амир Абдуллҳиён дар паёмаш афзӯд: Интизор меравад натоиҷи ин гуфтугӯи сареҳ ва самими фасли ҷаддиде дар равобити дукишвари дуст, бародар ва ҳамсоя, Эрон ва Озарбойҷон гушуда ва душманон ва бадхоҳони дукишварро ноумед созад.
Нишасти вазири хориҷаи ҷунбиши дами таъаҳуд бо унвони " Ҷунбиши адами таъаҳуд, муттаҳид ва устувор дар мувоҷҷеҳ бо чолишҳои навзуҳӯр" бо ҳузӯри кишварҳои узв ва бархе Созмонҳои байналмиллалӣ имрӯз чаҳоршанбе (14 тир) шурӯъ шуда ва фардо низ дар маркази ҳамоишҳои шаҳри Боку идома хоҳад дошт.