Июл 06, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба рафтори дугонаи ғарбиҳо дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар урдӯгоҳи Ҷанин гуфт : Оё Амрикову Аврупо аз Шӯрои ҳуқуқи башар мутолибаи ташкили кумитаи ҳақиқатёб хоҳанд кард ?

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба рафтори ғарбиҳо дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ҷанин дар тветте навишт : 12 шаҳид, 140 захмӣ, нобудии комили шабакаҳои обу барқ, тахриби комили 300 ва хисорат ба ҳудӯди 500 хона, тахриби хиёбонҳову мағозаҳо ва ғайра маҳсӯли лашкаркашии ҷунуномезм артиши саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи паноҳндагони шаҳрм Ҷанин аст. Канъонӣ тасреҳ кард : Оё Амрикову Аврупо аз Шӯрои ҳуқуқи башар мутолибаи ташкили кумитаи ҳақиқатёб хоҳанд кард ? ҳаргиз ! Барағми муҳосираи урдӯгоҳи Ҷанин тавассути низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ва тахрибу вайронии бисёре аз манозилу амволи умумии фаластиниёни сокин дар ин урдӯгоҳ бисёре аз аҳолӣ зимни беэътиноӣ ба фишорҳои Исроил ба манзури тахлияи ин урдӯгоҳ эълон доштаанд, ки дар канори ҷавонони муборизи фаластинӣ ба муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ идома хоҳанд дод . Оморҳо аз шаҳодати 13 фаластинӣ ва захмӣ шудани беш аз 140 нафар дар ҷараёни даргириҳои ахири Ҷанин ҳикоят дорад .