Дархости Гутерриш барои лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар понздаҳумини гузориши худ дар бораи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният дар бораи Эрон бо ишора ба хурӯҷи ғайриқонӯнии Вашингтон аз Барҷом лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро хостор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Антонио Гутерриш дар гузориши худ , ки то соъоти дигар дар нишасти давраии ин шӯро баррасӣ мешавад, бо баёни инки Барҷом ҳамчунон беҳтарин гузина аст, аз Амрико хости таҳримҳо алайҳи Эронро лағв ва муъофиятҳо дар робита бо тиҷорати нафти ин кишварро тамдид кунад .
Ҷумҳурии исломии Эрони пас аз имзои Барҷом дар соли 2015 бо ҳадафи лағви таҳримҳои золимона ба унвони кишвари масъӯлиятпазир таъаҳҳудоти худро бидӯни айбу нақс иҷро кард ва ин масъала дар 16 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мавриди тайид қарор гирифт .
Аммо пас аз вуруди Доналд Трамп ба Кохи сафед дар январи 2017 ва пас аз чанд иқдоми муқаддамотӣ ниҳоятан бо иттихози мавозиъи муғойир бо мафоди Барҷом бо хурӯҷи якҷонибаву ғайриқонӯнии Амрико аз он дар 8 маи 2018, дар ду марҳила таҳримҳо зидди Эрон бозгардонда шуд.