Июл 08, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Эрон барои интишори маҷалаи байналмилалии ҳуқуқи башари ҷунбиши ғайри мутаъаҳидҳо
    Иқдоми Эрон барои интишори маҷалаи байналмилалии ҳуқуқи башари ҷунбиши ғайри мутаъаҳидҳо

Раиси маркази ҳуқуқи башар ва танавуъи фарҳангии ҷунбиши ғайримутаъаҳидҳо аз интишори маҷалаи байналмилалии ҳуқуқи башар ба забони англиси бо ҳимояти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ин ҷунбиш хабар дод.

Маҳмудхонии Ҷуйобод раиси маркази ҳуқуқи башар ва танавуъи фарҳангӣ ҷунбиши ғайримутаъаҳидҳо дар гуфтугу бо ИРНА, дар бораи коркарди маркази ҳуқуқи башар ва танавуъи фарҳангии ҷунбиши ғайри мутаъаҳидҳо гуфт: Ин марказ фаъолиятҳо ва барномаҳои мухталифи дар дасти иқдом дорад, ки аз ҷумлаи онҳо тамҳидот барои интишори маҷалаи байналмилалии ҳуқуқи башар ва танавуъи фарҳангии ҷунбиш аст, ки ба забони англиси ва ба сурати электроники бо мушорикати кишварҳои узви ҷунбиш ва андешмандони ин ниҳод мунташир мешавад.

Хони Ҷуйободи бо баёни ин ки аъзои ин марказ дар чорчуби эъломияи Теҳрон ва асноди такмилии ҷунбиши фаъолият мекунад афзуд: Коркарди аслии ин марказ тавлиди муҳтаво барои дифоъ аз ҳуқуқи башари кишварҳои ғайримутаъаҳид дар ҳоли рушд бо таъкид бар муқобила бо иқдомоти қаҳромези якҷониба ё таҳримҳои золимона ва таҳаққуқи ҳақи рушд ва муқобила бо суистифодаи ғарб аз ҳуқуқи башар ба унвони як абзори сиёсӣ аст.