Июл 08, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони 22 узви парлумонии АРА
    Теҳрон мизбони 22 узви парлумонии АРА

Маҷлиси шурои исломӣ 10 то 11 июл мизбони иҷлоси кумитаи барномарези ва будҷаи маҷлисҳои Осиёӣ бо ҳузури ҳайатҳои парлумонии 21 кишвари узви АРА аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс душанбе ва сешанбе ҳафтаи ҷорӣ иҷлоси кумитаи барномарези ва будҷаи маҷлисҳои Осиёӣ дар Теҳрон ва бо мизбонии маҷлиси шурои исломии Эрон баргузор мешавад.

Дар иҷлоси пеширу аъзои кумитаи барномарези ва будҷаи маҷлисҳои Осиёӣ нишаст хоҳанд дошт ва ҳамчунин дувумин коргуруҳи санадҳои маҷмаъи маҷлисҳои осиёӣ баргузор мешавад.

Намояндагони маҷлиси кишварҳои Бангладеш, Покистон, Баҳрайн, Фаластин, Аморот, Туркия, Ироқ, Инданезия, Лубнон, Чин, Қатар, Сурия, Кувайт, Ҳинд, дабирхонаи АРА, Русия, Ветнам, Қибрис, Арабистон, парлумони араб ва Озарбойҷон дар иҷлоси маҷлисҳои осиёӣ ҳузур хоҳанд дошт.