Июл 09, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрузи валодати имоми ҳафтуми шиъаёни ҷаҳон
    Табрики солрузи валодати имоми ҳафтуми шиъаёни ҷаҳон

Имруз якшанбе 20 зилҳаҷаи соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 9 июли соли 2023 солрузи валодати бо саъодати ҳазрати имом Мусои Козим(а) имоми ҳафтуми шиъаёни ҷаҳон.

Имом Мусои Козим(а) 20 зилҳаҷаи соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар русстои "Al-Abwa" байни Макка ва Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд.

Ишон пас аз шаҳодати падари бузургаворашон ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ(а) имоми шашуми шиъаёни ҷаҳон уҳдадори масъулияти раҳбарии мусалмонон шуданд.

Имом Мусои Козим(а) дар илм, тавозуъ ва кисрату садоқат, саховату бахшандагӣ шуҳрати хоси доштанд имоми ҳафтуми шиъаён ба далели сабри зиёд ва меҳрубони ва бахшанда будан дар баробари касоне, ки ба у бад карда буданд ба Козим мулақаб шуд.

Имоми ҳафтуми шиъаён бо ҷамъи ривоёт ва аҳодис ва аҳком ва эҳёи суннати падари бузургаворашон имом Ҷаъфари Содиқ(а) ва низ таълим ва иршоди шиъаён исломи ҳақиқиро ки бо таълим ва муҷоҳидатҳои имоми шашуми шиаъёни ҷаҳон назм ва истеҳком ёфта буд ҳифз ва тақвият карданд.

Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрузи валодати ҳазрати имом Мусои Козим(а)-ро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик мегуяд.

Барчасп