Июл 09, 2023 11:48 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Равобити Эрон ва Алҷазоир метавонад дар арсаҳои тиҷорӣ ва иқтисдоӣ густариш ёбад
    Раисӣ: Равобити Эрон ва Алҷазоир метавонад дар арсаҳои тиҷорӣ ва иқтисдоӣ густариш ёбад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити Эрон ва Алҷазоирро иртиботи ду кишвари дуст, бародар ва мусалмон донист, ки метавонад мубтани бар мавозеъи наздик ва ҳамсуи минтақаӣ ва байналмилалии ду тараф дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисдоӣ густариш ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи шанбе дар дидори Аҳмад Атоф вазири хориҷаи Алҷазоир бо тамҷид аз собиқаи инқилоби ва истодагии миллати Алҷазоир дар баробари истеъмор бар иродаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳо ва иртиқоъи сатҳи равобит бо Алҷазоир таъкид кард.

Аҳмад Атоф вазири хориҷаи Алҷазоир низ бо иблоғи саломи раиси ҷумҳурии кишвараш ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дастовардҳои сиёсати хориҷии давлати Эрон дар арсаи равобити хориҷӣ ва талош барои густариши равобит бо кишварҳои ҳамсу, дуст ва мусалмонро мусбат арзёби карду гуфт: Сатҳи равобити иқтисодии ду кишвар ба ҳеҷваҷҳ таносуби бо равобити сиёсии мутамоизи байни ду кишвар надорад аммо бо эҳтимоми раисони ҷумҳурии ду кишвар таҳавул дар арсаи равобити иҷтисодӣ ва тиҷорӣ эҷод хоҳад шуд.

Барчасп