Май 13, 2024 15:59 Asia/Dushanbe
  • Боздиди се соъатаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз намоишгоҳи Китоби Теҳрон ( такмилӣ )
    Боздиди се соъатаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз намоишгоҳи Китоби Теҳрон ( такмилӣ )

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузур дар сиву панҷумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ба муддати 3 соъат аз ғурфаҳои мухталифи китоб боздид карданд .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе бо ҳузур дар сиву панҷумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон зимни гуфтугӯ бо ноширон , нависандагон ва соҳибони ғурфаҳои китоб , аз наздик дар ҷараёни тозаҳои нашру вазъияти бозори китоб ва ҳамчунин мизони истиқбол аз намоишгоҳ қарор гирифтанд .

Сиву панҷумин намоишгоҳи Китоби Теҳрон бо шиори “ Бихонем ва бисозем “ аз чаҳоршанбеи 8 май дар Мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон оғоз шуд ва то шанбеи 18 май барои боздиди алоқамандон доир аст .

Барчасп