Таъкиди раисиҷумҳури Чин бар ҳамкориҳои фаъолонаву мутақобил бо Тоҷикистон
(last modified Fri, 05 Jul 2024 13:12:53 GMT )
Июл 05, 2024 18:12 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин
    Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин

Ши Ҷин Пинг, раиси Ҷумҳурии халқи Чин гуфт: Мо ва Тоҷикистон дӯстони вафодор будему ҳастем ва дар шароити сахт ба ҳам кумак мекунем. Дар тӯли ҳамагирии COVID - 19 мо дар канори ҳам истодем, дар баробари вируси ваҳшатнок муқовимат кардем ва бо ҳам бар ин мушкил пирӯз шудем.

Ши Ҷин Пинг, раиси Ҷумҳурии халқи Чин бо нашри матлабе пеш аз сафараш ба Тоҷикистон таъкид кард, ки бо баҳси фавриву рафъи мушкилот, кори муназзами гузаргоҳи Қаросӯ - Қулма тазмин шуд ва ба унвони шоҳроҳи иттисоли Чину Тоҷикистон фаъол аст.

Раиси Ҷумҳурии халқи Чин афзуд: Мо ҳамкории наздик дар арсаи байналмилалӣ дорем ва аз ибтикороти якдигар ҳимоят мекунем.