Беларус расман ба узвияти СҲШ даромад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i115756
Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон асри рӯзи панҷшанбе гуфт, Беларус расман ба унвони узви Созмони Ҳамкории Шанхай (SCO) дар нишасти Остона пазируфта шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 05, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Беларус узви СҲШ шуд
    Беларус узви СҲШ шуд

Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон асри рӯзи панҷшанбе гуфт, Беларус расман ба унвони узви Созмони Ҳамкории Шанхай (SCO) дар нишасти Остона пазируфта шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар соли 2001 таъсис шудааст, шомили Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Узбакистон мешавад.

Афғонистону Муғулистон кишварҳои нозир ҳастанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Шриланка, Кувайт, Молдова, Мянмар ва Баҳрайн шарик ҳастанд.