Июл 09, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Волеболи ҷавонони ҷаҳон пирузии Эрон баробари Тунис
    Волеболи ҷавонони ҷаҳон пирузии Эрон баробари Тунис

Тими волеболи ҷавонони Эрон дар дувумин дидори худ дар марҳалаи гуруҳии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон муқобили Тунис қарор гирифт ва дар бозии сахт ба бартарии 3 бар 2 расид.

Бистудувумин давраи мусобиқоти волеболи қаҳрамонии мардони зери 21 соли ҷаҳон аз рузи ҷумъа 16 тир дар шаҳри Манамаи кишвари Баҳрайн оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА тими волеболи ҷавонони Эрон шуруъи хуби надоштанд ва ин даст бо натиҷаи 25 бар 22 ба нафъи Тунис ба поён расид.

Дар дасти дувум бозикунони Эрон дар талоши ҷуброн баромаданд вале ин сет ҳам 25 бар 22 аз даст рафт аммо дар дасти севум бозикунони Эрон ба худ омада ва бозиро ба дас гирифтанд.

Ин даст бо натиҷаи 25 бар 21 ба нафъи Эрон ба поён расид то шогирдони Мумини Муқадам дасти чаҳорумро ҳам бо руҳия ва натиҷаи 25 бар 22 ба поён расонданд.

Дар дасти панҷум ҳам ҷавонони Эрон пештозии худро ҳифз карда ва бо натиҷаи 15 бар 11 ба пирузи расиданд то ин мусобиқа бо натиҷаи 3 бар 2 ба поён бирасад.

Барчасп