Июл 11, 2023 13:03 Asia/Dushanbe
  • Иқрори Амрико ба инки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест

Бо вуҷуди иддаоҳои гузаштаи мақомоти ғарбӣ ва саҳюнистҳо ниҳоди иттилоотии Амрико иқрор кард, ки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест.

Ба гузориши Ассошиатед Пресс, як арзёбии иттилоотии анҷомшуда аз сӯии Иёлоти Муттаҳида мушаххас кард, ки Эрон ба дунболи таслеҳоти ҳастаӣ нест .
Ин эътироф аз сӯи дафтари мудири иттилооти миллии Амрико дар ҳоле эълом шудааст, ки мақомоти ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон дар талош ҳастанд ба масири пружаи шикастхурдаи эронҳаросии худ идома диҳанд .

Аз ин рӯ Эрон ҳамвора эълом кардааст ба дунболи бомбаи ҳастаӣ нест ва дар эътиқоди исломии Эрон бомбаи атомӣ ҷое надорад.
Дар тозатарин иттиҳомот алайҳи Эрон Бинямин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе 18 июн муҷаддадан Эронро ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард .
Дар ҳоле ин ниҳоди иттилоотии Амрико изъон кардааст, ки Эрон ба дунболи таслеҳоти ҳастаӣ нест, ки пештар Ҷоиш Кроникал-раиси пешини созмони ҷосӯсии СРУ низ ба ин мавзӯъ эътироф карда буд .Ҳамчунин ҷомеъаи иттилоотии Амрико низ 8 марти гузашта дар гузориши солонаи худ изъон кард Теҳрон дар ҳоли ҳозир фаъолияте барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ анҷом намедиҳад .

 

Барчасп