Июл 12, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Амири Хусравонӣ муваффақ ба касби медали нуқра шуд
    Амири Хусравонӣ муваффақ ба касби медали нуқра шуд

Амири Хусравонӣ дуюмин медали Эрон дар мусобиқоти парадави қаҳрамонии ҷаҳонро ба армуғон овард ва саҳмияи бозиҳои параолимпии 2024-и Порисро касб кард.

Даҳумин давра аз рақобатҳои парадави қаҳрамонии ҷаҳон ба мизбонии шаҳри Порис дар кишвари Фаронса дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар чаҳорумин рӯз аз мусобиқоти парадав ва майдонии қаҳрамонии ҷаҳон рақобати париши тӯли класси T12 баргузор шуд ва Амири Хусравонӣ - миллипӯши Эрон бо ҳарифоне аз Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон (2 нафар), Ҷопон, Олмон, Малайзия, Аргентина, Шветсия (2 нафар) ва Кения мусобиқа дод.

Хусравонӣ, ки дар параолимпии 2020-и Токио бо рекорди 7. 21 метр ба медали тилло даст ёфта буд, дар поёни рақобати имрӯз бо рекорди 7. 26 метр, ки дар париши дувуми худ дошт, муваффақ ба касби медали нуқра шуд ва ба ноибқаҳрамонӣ расиду саҳмияи параолимпии Порисро низ ба худ ихтисос дод.

 

Барчасп